«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва амалӣ намудани сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои минтақавӣ дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногуни хамешасабзу ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, инчунин роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Хадамоти гумрук бо ҷараёни ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ дар ин минтақа шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Хадамоти гумрук дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои минтақавӣ дар ноҳияи Варзоб 17 ҳазору 200 бех ниҳоли дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонидааст. Танҳо дар мавсими ниҳолшинонии солҳои 2025-2026 аз ҷониби Хадамоти гумрук дар
ноҳияи Варзоб беш аз 4 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд. Ҳамзамон мониторинг, барқарорсозии ниҳолҳои хушкшуда ва шинонидани ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқ идома дорад. Роҳбарияти Хадамоти гумрук зарурати таъмини сифати корҳои агротехникӣ, нигоҳубини мунтазами ниҳолҳо ва ҷалби бештари кормандонро ба ташаббусҳои экологӣ таъкид намуд.
Бояд гуфт, ки самти амалӣ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ба сабзгардонии муҳити зист, коҳиши газҳои гулхонаӣ, рушди иқтисодиёти «сабз» ва таҳкими амнияти экологӣ дар мамлакат нигаронида шудааст. То соли 2040 дар Тоҷикистон 2 миллиард бех ниҳоли дарахтони гуногуни ҳамешасабзу сояафкан ва ороишию мевадиҳанда шинонида шуда, Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил дода мешавад. Зеро Тоҷикистон минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар аст ва аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Бинобар ин, ҷангалҳои Тоҷикистон ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигоҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мансуб мебошанд.
Дар ҷумҳурӣ манбаъҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои обӣ зиёданд ва ҳифзи онҳо аз ҳифзи ҷангалзор сарчашма мегирад. Аз байн рафтани баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот, зиёд шудани миқдори гази карбон дар атмосфера ва ба амал омадани эрозияи хок, ки ба биёбоншавӣ мерасонад, ба фаъолият ва устувории ҷангалзор таъсир мерасонад.
Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои босамари «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон минбаъд низ ниҳолшинониро идома медиҳанд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд






