НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази «Низоми байналмилалии арзёбии омӯзиши забони тоҷикӣ» таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маркази «Низоми байналмилалии арзёбии омӯзиши забони тоҷикӣ» таъсис дода мешавад. Дар ин хусус 3 феврал ректори ин донишгоҳ Жило Гулназарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ректори донишгоҳ зимни шарҳи фаъолияти марказ иброз дошт, ки ин ташаббус бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ, аз ҷумла низомҳои эътирофшудаи «TOEFL», «IELTS», «ТРКИ» ва дигар стандартҳо ба роҳ монда мешавад. Донишгоҳ барои таъсиси маркази махсус, таҳияи барномаи арзёбӣ ва муайян намудани меъёрҳои сертификатсияи байналмилалӣ омодагии пурра дорад. Ҳамзамон аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалисозии ин иқдом иҷозат дода шуда, корҳои ташкилию методӣ расман оғоз гардидаанд.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ 184 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамояд.
Иброз гардид, ки соли 2025 донишгоҳ бо донишгоҳҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз давлатҳои Ҳиндустон, Британияи Кабир, Узбекистон, Русия, Қазоқистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 11 ёддошти тафоҳум, созишнома ва шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
«Яке аз дастовардҳои муҳим- ба имзо расидани созишнома бо донишгоҳи Кембриҷ барои таъсиси Маркази байналмилалии тестии «Linguaskill» мебошад. Ин имкон медиҳад, ки сатҳи дониши забони англисӣ мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ гардад», – иброз дошт Жило Гулназарзода.
Дар донишгоҳ 9 шаҳрванди хориҷӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Италия, Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун шунаванда таҳсил менамоянд. Ҳамзамон 8 омӯзгори хориҷӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин, Ҳиндустон, Фаронса, Чин ва Ҷопон, инчунин 1 волонтёри маркази «Шоҳ Сеҷонг» дар ин донишгоҳ ба таълими забонҳои хориҷӣ машғул ҳастанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






