Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия, инчунин бо донишҷӯён — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ таҳсил мекунанд, мулоқот баргузор намуданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илму маориф, беҳтарсозии шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик, инчунин таҳкими робитаҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Ҷонибҳо доир ба имконияти зиёд намудани теъдоди бурсияҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳи мазкур низ табодули афкор анҷом доданд.
Ҳамчунин намояндагони Сафорат бо донишҷӯёни тоҷик мулоқоти алоҳида доир намуда, оид ба самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» маълумот пешниҳод карданд. Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», барои таҳкими рақобатпазирии миллӣ ва рушди устувори ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои мубориза бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баррасӣ шуданд.

Бо ишора ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст.
Дар анҷоми мулоқот ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиши ихтисосҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия










Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд






