НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 1042 нафар барои содир намудани 93 ҷиноят ошкору дастгир карда шуд. Дар ин хусус 12 феврал Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Рамазон Раҳимзода гуфт, ки сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 348 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистиро дастгир намуданд, ки 153 нафарашон ҷавонон мебошанд. Вобаста ба пешгирӣ намудани маводи нашъадор аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 5 тоннаю 280 килограмм воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Соли 2025 141 гурӯҳи нашъаҷаллоб дар ҳайати 340 нафар ва 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии нашъаҷаллоб дар ҳайати 24 нафар дастгир гардид. Дар умум аз ин гурӯҳҳо 2 ҳазор килограмм маводи мухаддир, зиёда аз 90 ҳазор адад ҳабҳои синтетикӣ ва мадҳушкунанда мусодира карда шуд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳама субъектҳои бақайдгирию баҳисобгирӣ 23 ҳазору 448 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии он дар давраи ҳисоботӣ 78 фоизро ташкил медиҳад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд






