НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад

Февраль 4, 2026 08:40

САНГВОР, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор соли 2025 ба 645 миллиону 900 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Аз ин 461 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 88 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба соҳаи савдо, 20 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 75 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ба соҳаи саноат рост омадааст. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.

Иброз гардид, ки филиали №21-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳия ба 103 корхонаи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизмат мерасонад. Ҳоло шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба 6 ҳазору 140 нафар расидааст. Соли 2025 дар ҳама соҳаҳо ба 241 нафар сокинони ноҳия ба маблағи 6 миллиону 221 ҳазору 627 сомонӣ қарзҳои дарозмуддат ва имтиёзнок дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1 миллиону 348 ҳазору 366 сомонӣ зиёд мебошад.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бунёди 100 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 59 иншооти гуногун ба истифода дода шуда, сохтмони иншооти боқимонда идома дорад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд