НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд

Февраль 12, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба 1297 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, аз ин шумора нисбат ба 1268 нафар ба маблағи умумии 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид. Дар ин хусус 12 феврал Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки бо мақсади пешгирии қонуншикании шаҳрвандон нисбат ба қонунҳои миллӣ аз ҷониби судяҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад. Вале аз омор маълум мегардад, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо вуҷуд дорад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» 10 ҳазору 536 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, аз ин шумора нисбат ба 8561 нафар ба маблағи умумии 6 миллиону 957 ҳазору 634 сомонӣ ҷарима таъйин гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд