НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 оид ба бунёди 800 муассиса дар маҳаллаҳои аҳолинишине, ки беш аз 100 оила зиндагӣ мекунад, дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Дар посух ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Олимзода гуфт, ки дар айни замон дар ҳудуди ноҳия сохтмони 22 муассисаи томактабӣ ва 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад.
«Соҳаи маориф яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, барои рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир амалӣ мегарданд», -иброз намуд Сафар Олимзода.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия дар айни замон 30 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 21 маркази инкишофи кӯдак фаъолият доранд. 11 адади он буҷавӣ буда, 5389 тарбиятгиранда ва 291 мураббияро фаро мегирад.
Зимни нишасти матбуотӣ таъкид карда шуд, ки дар соли таҳсили 2024-2025 963 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар 14 олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. 234 нафари онҳо ғолиб дониста шуда, сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид






