НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад

Февраль 10, 2026 13:00

ТУРСУНЗОДА, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  ва бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар шаҳри Турсунзода бунёди 546 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 51 муассисаи таълимӣ барои 14 150 хонанда ва 11 муассисаи томактабӣ  ба нақша гирифта шуд. То имрӯз 425 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 36 муассисаи таълимӣ барои 12 130 хонанда ва 7 муассисаи томактабӣ  барои 1012 нафар ба истифода дода шуд. Дар айни замон  сохтмони 121 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 13 мактаб барои 2020 хонанда ва 3 муассисаи томактабӣ барои 380 кӯдак идома дошта,  дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Ин матлабро Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Иброз гардид, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Турсунзода ба  ду миллиарду 63 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  234,6  миллион сомонӣ  зиёд мебошад. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода 104  намуди  маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2024  8 намуд маҳсулоти саноатӣ зиёд мебошад.  Ба ҳолати якуми январи соли 2026 дар шаҳри Турсунзода 100 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  8 корхонаи саноатӣ зиёд аст.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи иҷрои нақшаи бунёдкории ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар шаҳри Турсунзода  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бунёду барқарорсозии  459 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз  423 иншоот бо маблағи 661,1 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар   иншооти  боқимонда сохтмон идома  дорад.

Ҳамчунин соли 2025 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва фаъолон, сокинону соҳибкорон дар ҳудуди шаҳр 74,6 км роҳҳо мумфарш ва 30,4 км роҳҳо бетонпӯш карда шуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд