НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид

Февраль 2, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии «Донишгоҳҳои сабз» фаъолона иштирок намуда, ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид ва дар Тоҷикистон мавқеи аввалро соҳиб шуд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки соли 2025 барои ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли муҳим буд. Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ва суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ нишонаи равшани таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба рушди илму маориф арзёбӣ мегардад.

Убайдулло Асрорзода афзуд, ки зимни ташрифи Пешвои миллат ба донишгоҳ як бинои 8-ошёна, 1 бинои 3-ошёна ва 1 бинои 5-ошёнаи хобгоҳ, Маркази таълимию истеҳсолии дӯзандагӣ ва марказҳою озмоишгоҳҳо бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бо дахли раванди таҳсил дар донишгоҳ ректор таъкид намуд, ки раванди таҳсил дар ин донишгоҳ бо назардошти эҳтиёҷоти муосири иқтисоди мамлакат пайваста такмил дода шуд. Ҳамчунин нақша ва барномаҳои таҳсилотӣ пурра таҷдиди назар гардида, аз 77 ба 101 ихтисос расонида шуд.

Соли 2025 бо мақсади густариши робитаҳои илмию амалӣ ва таҳкими ҳамкории судманд бо бахши истеҳсолию хизматрасонӣ кафедраҳои донишгоҳ бо 96 корхона ва ташкилоти соҳавӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Инчунин фаъолияти донишгоҳ дар самти рушди стратегӣ ба татбиқи марҳилавии «Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040» ва такмили сифати таҳсил равона гардида, дар ин давра дар доираи марҳилаи аввали он -солҳои 2024–2026 тадбирҳои муҳим ба иҷро расонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи мазкур ба амалисозии ташаббусҳои стратегӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунӣ ва таълим, инчунин таҳкими мавқеи байналмилалии донишгоҳ равона гардида, ҳамчун пояи устувор ба рушди муассиса дар давраҳои минбаъда мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад