НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 аз ҷониби судҳои иқтисодии Тоҷикистон 3 ҳазору 932 парванда баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки соли 2025 аз ҷониби марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳои иқтисодӣ дар маҷмуъ 3 ҳазору 932 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба 2 ҳазору 182 парванда ҳалномаи судӣ қабул гардид ва 122 парванда қатъ карда шуд.
Тавре Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, соли 2025 доир ба 244 парванда аризаҳо бе баррасӣ мононда шуда, қабули 15 ариза рад ва 5 парвандаю 6 ариза аз рӯи тобеияти судӣ ба баррасӣ ирсол гардид.
Гуфта шуд, ки дар ин давра аз рӯи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Конвенсияи Кишинёв «Дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ» аз 7 октябри соли 2002 ба судҳои иқтисодӣ 14 супориши судӣ ворид ва иҷрои 8 супориши судӣ таъмин гардид, 7 супориши судӣ бе иҷро баргардонида шуд ва як супориш барои иҷро дар соли 2026 боқӣ монд. Ғайр аз ин 10 дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ –арбитражҳои байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ ворид ва баррасӣ карда шуд.
Зебонисо Абуллозода таъкид намуд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, ки ҷавҳари онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, таъмини адолати судиву иҷтимоӣ ва волоияти қонун вазифаи асосии судҳои иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Барои иҷрои ин рисолати касбӣ ва вазифаҳои хизматӣ судҳои иқтисодӣ соли 2025 корҳои муайянеро иҷро намуданд, ки ба таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нигаронида шудаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






