НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 декабри соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 11 ҳазору 280 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ба хабарнигорон маълумот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки инҳо 129 варзишгоҳ, 7966 майдончаи варзишӣ, 2321 толори варзишӣ, 107 ҳавзи шиноварӣ, 91 маҷмааи варзишӣ ва марказҳои солимгардонӣ, 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес, билярд, майдони яхмолакбозӣ, тенниси рӯи миз ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд, ки фаъолияти пурсамар доранд.
«Давоми соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 174 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 132 майдончаи варзишӣ, 35 толори варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмааи варзишӣ ва марказҳои солимгардонӣ сохта шуданд»,-баён дошт Зулфиқор Гулаҳмадзода.
Иброз гардид, ки ин иншоот бо харҷи 174 миллиону 254 ҳазор сомонӣ сохта шудаанд. 96 миллиону 630 ҳазор сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 76 миллиону 808 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сарпарастон мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






