НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд

Февраль 3, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 280 ҳазор ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд. Аз ин шумора 74 ҳазор ҷойи кор доимӣ, 49 005 ҷойи кор муваққатӣ ва 152,2 ҳазор ҷойи кор мавсимӣ мебошанд. Дар ин хусус 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмуҳаммадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Солеҳа Холмуҳаммадзода иброз дошт, ки масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус муҳоҷирони баргашта дар корхонаю ташкилоте, ки ба ҷалби қувваи корӣ дар мамлакат машғуланд, муҳим мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 55 ҳазору 88 нафар дар ширкатҳое, ки ба ҷалби қувваи корӣ машғуланд, бо кор таъмин гардиданд. Теъдоди кормандони хориҷӣ 5433 нафар ва шумораи кормандони маҳаллӣ 49 ҳазору 655 нафарро ташкил дод.

«Аз ин шумора 16 ҳазору 200 нафар муҳоҷири ихроҷ ва бозпасомада буда, 2565 нафарашон дар ширкатҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо кор таъмин шуданд», – иттилоъ дод Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти вазорат- ин ҳарчи бештар ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, омода намудани кадрҳои коргарӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ мебошад. Соли 2025 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 154 ҳазору 822 нафар муроҷиат намудаанд. Аз ин шумора 120 ҳазору 391 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 67 853 нафар мақоми бекорӣ дода шуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд