НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки соли 2026 зиёда аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф, ба мисли муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, тандурустӣ ва беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ (аз ҷумла, бо саҳми соҳибкорон) сохта, мавриди истифода қарор дода шаванд. Дар ин хусус Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилоят пеш аз муҳлат ва бо нишондиҳандаи 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 6260 иншооти пешбинишуда 6640 иншоот сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки нисбат ба нақша 380 адад зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нақшаи солона 2,3 баробар зиёд аст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки соли 2025 дар вилояти Хатлон 146 муассисаи соҳаи маориф мавриди истифода қарор дода шуд. Соли 2025 аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинони саховатпеша 61 муассисаи таълимӣ барои 9450 ҷойи нишаст дар як баст ва 13 муассисаи томактабӣ барои 2440 ҷой бунёд гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






