ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борону барф ва пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, доманакӯҳҳои вилояти Хатлон ва водиҳо бориши борон ва барф пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ барф меборад.
Дар шоҳроҳҳои нақлиётгарди кӯҳӣ бориши бошиддати барф дар назар буда, барфи бодовард, бадшавии дурии биниш пешгӯӣ шуда, фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ ва кӯҳии мамлакат ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад.
Имрӯз дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Чанок (километрҳои 48–74), бахусус минтақаҳои тармафарои Майхура, Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Бо сабаби вазъи номусоиди обу ҳаво ба шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётӣ тавсия дода мешавад, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд. Ба масъулони соҳаҳои роҳу нақлиёт тавсия дода мешавад, ки дар ин маврид тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар вилояти Хатлон 6 феврал бориши борон ва барф дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. 7-9 феврал ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
6 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд бориши барф дар назар аст. 8 феврал ҳавои бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. 8-9 феврал ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
6 феврал дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши борон ва барф дар назар буда, 7-8 феврал ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, 9 феврал ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 феврал бориши борон ва барф дар назар аст. 7- 9 феврал ҳавои бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа мешавад.
АКС: Dushanbe-travel








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






