Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд

Февраль 18, 2026 08:20

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории  Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» 17 феврал дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бостоншиносону таърихнигорон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд.

Зимни ҳамоиш таъкид шуд, ки ин чорабинӣ ба муносибати  қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад.

Директори Агентӣ Шералӣ Хоҷазода изҳор намуд, ки бозёфтҳое, ки аз девормусаввараҳои шаҳристони Ҳулбук ёфта шудаанд, имрӯз қадимтарин намунаи хати забони тоҷикӣ мебошанд.

«Дар сарчашмаҳои таърихӣ, осори бостоншиносӣ, нумизматӣ ва фолклории шоҳигарии Хуталон мафҳумҳои гуногуни ҳаммаъно  навишта шудаанд. Ҳанӯз соли 725 вобаста ба муҳорибаи лашкари араб бо мардуми Хуталон дар адабиёти шифоҳӣ  шеъри «Аз Хуталон омадия»  эҷод шуд, ки он аз мавҷудияти забони ноби тоҷикӣ шаҳодат дода, ҳамчунин қудрату неруи давлати Хуталонро тасдиқ менамояд. Тибқи сарчашмаҳои хаттии тоҷикӣ-форсӣ, чинӣ ва арабӣ, Хатлонро бо номҳои Хатлон, Хуталон, Ку-ту-ло ва ал-Хутал низ ном мебурдаанд», -афзуд Шералӣ Хоҷазода.

Таъкид карда шуд, ки маълумоти қадимтарин дар бораи Хатлон ва пойтахти он — шаҳри Ҳулбуки бостонӣ дар адабиёти антиқа дарҷ гардидааст. Дар  рӯйхати номи шаҳрҳо, ки дар таърихномаи «Ҷуғрофияи таърихии шарқ» таърихнигори юнонӣ Птоломей овардааст, шаҳри Хулбисса низ мавҷуд мебошад. Александр Беленитский ва олимони дигари шарқшинос бо асоси комил онро пойтахти Хатлон – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои қадим дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Ҳулбак ва Ҳулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи  юнонӣ  пайвастагӣ дорад.

Бояд иброз намуд, ки баргузории Симпозиуми байналмилалӣ дар ноҳияи  Восеъ моҳи майи соли 2026 бо иштироки  таърихнигорону бостоншиносони давлатҳои гуногун дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Номинатсияи мазкур 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад: Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар,  Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа. Яке аз мавзеъҳои асосии номинатсияи мазкур маҷмааи бостоншиносии «Қалъаи Хулбук» – пасмондаҳои қасри пойтахти Хуттали Қадим аст, ки мероси он бо шарофати тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардида, нақши махсус дорад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд