Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд

Февраль 12, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 феврал дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он паҳлавонон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-1 фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон аз рӯи 10 вазн (7 вазн байни мардон ва 3 вазн байни занон) доир шуд. Дар сабқати мардон дар вазни то 60 кило Рамзиддин Азизов дар финал ба Ҳақдод Гулов дастболо шуд. Сарвар Абдушукуров дар финали вазни то 65 кило бар Ёсин Бобокалонов ғалаба кард. Абдуллои Ориф дар финали вазни то 71 кило Шеравлиё Исоқовро шикаст дод. Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар финали вазни то 78 кило Субҳиддин Халилзодаро мағлуб кард. Ҳақназар Назаров дар финали вазни то 86 кило бар Беҳрӯз Имомов ғолиб омад. Муҳаммадиқбол Тошов дар финали вазни то 95 кило Туйчибек Шариповро мағлуб намуд. Шарифҷон Назриев дар финали вазни беш аз 95 кило бар Хуршед Маҷидов дастболо шуд.

Байни духтарон дар финали вазни то 57 кило Аҳлия Муъминова ғолиб омад. Вай дар финал Насиба Карликоваро шикаст дод. Ҷонона Назарова дар финали вазни то 63 кило Қурбонгул Ҳалимоваро мағлуб намуд. Шоҳида Қаландарова дар финали вазни то 70 кило юар Гулафзо Гулова ғолиб гардид.

Ба ғолибону ҷоизадорон дар ҳар вазн мувофиқи ҷойҳои соҳиб шудаашон диплому медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ тақдим гардиданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад