Пойгоҳи кушодаи рақамии харитасозии миқёси 1:10000 барои ҳудуди Тоҷикистон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалигардонии «Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии «Душанбе» пойгоҳи кушодаи рақамии харитасозии миқёси 1:10000-ро барои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дод. Ин пойгоҳ имконият медиҳад, ки соҳаҳои гуногун бо харитаҳои рақамӣ таъмин гардида, сатҳи банақшагирӣ ва идоракунӣ беҳтар шавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамзамон тибқи ин барнома соли 2025 харитаҳои давлатии навигатсионӣ дар шакли рақамӣ омода гардиданд, ки заминаи муҳим барои рушди хизматрасонии муосир ва истифодаи васеи маълумоти геофазоӣ мебошанд.
Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи давлатӣ лоиҳаи сармоягузории «Бунёди инфрасохтори маълумоти маконӣ ва баланд бардоштани иқтидор оид ба мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ва афзоиши маҳсулнокии кишоварзӣ дар Тоҷикистон» пешниҳод гардид, ки барои сохтани системаи иттилоотӣ ва веб-портал барои менеҷмент ва мониторинги заминҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Ин ташаббус ба рақамикунонии равандҳои идоракунӣ, таҳлил ва назорат, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии қарорҳо мусоидат намуда, барои рушди соҳаҳои заминсозӣ ва кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ заминаи устувор мегузорад.
Илова бар ин Кумитаи давлатӣ бо Бонки рушди Осиё лоиҳаи сармоягузории Инфрасохтори миллии маълумоти маконӣ / Системаи иттилоотии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуд. Ин лоиҳа барои ягонасозии маълумот, мубодилаи рақамӣ, ҳамоҳангсозии пойгоҳҳои додаҳо ва рушди хизматрасониҳои электронӣ дар соҳаҳои заминсозӣ, геодезия ва харитасозӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар баробари ин, аз 1 октябри соли 2025 Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ пурра ба низоми гардиши электронии ҳуҷҷатҳо пайваст карда шуд. Ҳоло дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, тавассути ин низом коргузорӣ ба роҳ мондаанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки соли равон марҳила ба марҳила кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ пайваст карда мешаванд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 Кумитаи давлатӣ дар корҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил саҳм гузошт. Геопортали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун низоми иттилоотӣ намоиш, ҷустуҷӯ ва пешниҳоди иттилооти фазоиро таъмин мекунад. Инчунин дастрасӣ ба чор хидмати электрониро барои ҳалли ҳолатҳои мушаххаси зиндагӣ дар самтҳои туризм, маориф, сармоягузорӣ ва шуғл фароҳам месозад. Ин кор имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар равандҳои минтақавии рақамикунонӣ фаъолона иштирок намояд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






