Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд

Февраль 4, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 системаи иттилоотии идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кумита — emistahsilot.tj таҳия ва фаъол карда шуд. Ҳадафи ин система автоматикунонии ҳамаҷонибаи идоракунии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таъмини дастрасии ягонаи мутамарказ ба иттилооти замонавӣ, боэътимод ва пайгиронаи ҳама иштирокчиёни раванди таълим мебошад. Дар ин хусус 3 феврал раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти мабуотӣ иттилоъ дод.

«Тавассути портали emistahsilot.tj барои донишҷӯён, омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳо дастрасии мутамарказ ба маълумоти боэътимод фароҳам гардонида мешавад. Ин низом маълумоти марбут ба таҳсил, кадрҳо, ҷараёни таълим ва нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти муассисаҳоро дар шакли электронӣ инъикос менамояд.

Ҷорӣ гардидани система ҳамзамон омилҳои инсонӣ дар коргузорӣ ва баҳисобгириро коҳиш дода, барои қабули қарорҳои асоснок дар сатҳи идоракунии соҳа шароити мусоид муҳайё месозад. Ин низом ба равандҳои ислоҳоти соҳа мутобиқ буда, талаботи замони муосирро ба инобат мегирад», — гуфт раиси кумита.

Таъкид шуд, ки кумита дар марҳилаҳои минбаъда такмили техникии система, густариши имконияти он ва пайваст намудани ҳама муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ба платформаи emistahsilot.tj ва Интернети бесим ба нақша гирифтааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид