«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт

Февраль 14, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи августи соли 2025 то имрӯз ягон ҳолати истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз ҷониби ворисони онҳо ошкор нагардид. Танҳо аз солҳои қаблӣ то моҳи августи соли 2025 нафақаи 51 нафар шахсони фавтидаро ворисони онҳо истифода ва  ё баъзеашон дар суратҳисобаш боқӣ мондаанд. Чунин посух дод директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба қонуншиканӣ дар самти истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз ҷониби ворисон.

Абдураҳмон Ҳалимзод иброз намуд, ки аз моҳи августи соли 2025 дар мамлакат аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор истифодаи барномаи «Пули ҳушманд» барои сари вақт муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳо ба роҳ монда шуд.

«Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифода нафақаи шахси фавтида аз байн рафт. Яъне ҳамарӯза аз тариқи ин барнома омори фавт ворид гардида, нафақаи шахсони фавтида баста мешавад. Баъди гирифтани баҳои ҳуқуқӣ аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне  хати вафот, сипас пардохти нафақа пурра баста мешавад»,-чунин иттилоъ дод директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъкид гардид, ки дар бештари ҳолатҳо ворисони шахси фавтида маблағи истифодашударо барнамегардонанд. Аз ин рӯ  аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 21 нафар барои дидани чораи ҳуқуқӣ санад тартиб дода шуда, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар мамлакат 23 982 нафар нафақагирон фавтиданд. Инчунин соли 2025 аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4422 нафар шахсони фавтида  кумакпулии дафн ба маблағи 6,6 миллион сомонӣ дода шуд, ки нисбат ба соли 2024   1,1 миллион сомонӣ коҳиш ёфтаст. Инчунин шумораи онҳо 931 нафар кам гардидааст.

Бояд гуфт, ки мутобиқи банди 4-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат», ки 2 июли соли 2013 ба тасвиб расидааст, кумакпулӣ барои дафн асосан ба оилаҳои камбизоате, ки дар рӯйхати бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати шаҳру ноҳияҳо қайд шудаанд, дода мешавад.

Тибқи ин банд, кумакпулӣ барои дафн ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шудааст. Дар айни замон маблағи он 1500 сомониро ташкил медиҳад. Кумакпулӣ барои дафн аз ҷониби мақомоти ваколатдор-бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ ва тавассути нуқтаҳои бонки давлатии «Амонатбонк» пардохт карда мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид