«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи августи соли 2025 то имрӯз ягон ҳолати истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз ҷониби ворисони онҳо ошкор нагардид. Танҳо аз солҳои қаблӣ то моҳи августи соли 2025 нафақаи 51 нафар шахсони фавтидаро ворисони онҳо истифода ва ё баъзеашон дар суратҳисобаш боқӣ мондаанд. Чунин посух дод директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба қонуншиканӣ дар самти истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз ҷониби ворисон.
Абдураҳмон Ҳалимзод иброз намуд, ки аз моҳи августи соли 2025 дар мамлакат аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор истифодаи барномаи «Пули ҳушманд» барои сари вақт муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳо ба роҳ монда шуд.
«Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифода нафақаи шахси фавтида аз байн рафт. Яъне ҳамарӯза аз тариқи ин барнома омори фавт ворид гардида, нафақаи шахсони фавтида баста мешавад. Баъди гирифтани баҳои ҳуқуқӣ аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне хати вафот, сипас пардохти нафақа пурра баста мешавад»,-чунин иттилоъ дод директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таъкид гардид, ки дар бештари ҳолатҳо ворисони шахси фавтида маблағи истифодашударо барнамегардонанд. Аз ин рӯ аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 21 нафар барои дидани чораи ҳуқуқӣ санад тартиб дода шуда, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар мамлакат 23 982 нафар нафақагирон фавтиданд. Инчунин соли 2025 аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4422 нафар шахсони фавтида кумакпулии дафн ба маблағи 6,6 миллион сомонӣ дода шуд, ки нисбат ба соли 2024 1,1 миллион сомонӣ коҳиш ёфтаст. Инчунин шумораи онҳо 931 нафар кам гардидааст.
Бояд гуфт, ки мутобиқи банди 4-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат», ки 2 июли соли 2013 ба тасвиб расидааст, кумакпулӣ барои дафн асосан ба оилаҳои камбизоате, ки дар рӯйхати бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати шаҳру ноҳияҳо қайд шудаанд, дода мешавад.
Тибқи ин банд, кумакпулӣ барои дафн ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шудааст. Дар айни замон маблағи он 1500 сомониро ташкил медиҳад. Кумакпулӣ барои дафн аз ҷониби мақомоти ваколатдор-бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ ва тавассути нуқтаҳои бонки давлатии «Амонатбонк» пардохт карда мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид






