Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Атабак, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.
Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.
Бо қаноатмандии ҷонибҳо таъкид гардид, ки ҳаҷми тиҷорати ду ҷониб дар соли 2025 ба 483 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2024 28 дарсад зиёд аст.
Ин нишондиҳанда далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни доираҳои соҳибкории ду кишвар ба имкониятҳои мавҷуда дониста шуд.
Дар мулоқот, ҳамзамон, ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати коркард, маъдан, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.










Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд






