«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастгирии ташаббуси ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе бо иқдоми роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2025 ва баҳори соли 2026 дар ҳудуди Муассисаи давлатии Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои шаҳри Душанбе 3 ҳазору 600 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар доираи вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида мешаванд.
Аз ҷумла, мутобиқ ба иқлими маҳал ва тибқи риояи қоидаҳои агротехникӣ маъракаи шинонидани ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда бо истифода аз боду ҳавои мусоид босуръат идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба кишвари сабз табдил додани ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия ва қабул гардид. Дар доираи татбиқи он дар мамлакат то соли 2040 беш аз 2 миллиард ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида мешавад. Қабули Барномаи давлатии кабудизоркунӣ иқдоми муҳимми Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим арзёбӣ мегардад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд






