Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Шаҳром Самиев фаъолияташро дар чемпионати Ироқ идома хоҳад дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, Шаҳром Самиев ба дастаи пешсафи Ироқ «Ал-Карма» ҳамроҳ мешавад. Бошгоҳи нави Самиев дар айни замон дар зинаи дуюми ҷадвали Лигаи олии Ироқ қарор дорад.
Шаҳром Самиев қаблан дар дастаҳои «Барқчӣ», КМВА ва «Истиқлол» бозӣ карда, инчунин дар чемпионатҳои Молдова, Беларус ва Узбекистон ҳунарнамоӣ намудааст.
Шаҳром аз соли 2019 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, дар ин муддат дар 47 бозӣ 13 гол задааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






