Сироҷиддин Муҳриддин ва Йоҳанн Вадефул ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Олмонро баррасӣ намуданд

Февраль 12, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/.  11 феврал мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Йоҳанн Вадефул дар шаҳри Берлин баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва илмию фарҳангӣ, инчунин ҳамкории  Тоҷикистону Олмон дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазирони корҳои хориҷӣ ба тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа ва густариши муносибатҳо бо истифода аз абзори мавҷудаи ҳамкорӣ тамаркуз намуда, барои татбиқи иқдоми муштараки баъдӣ изҳори мувофиқат карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 12, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд