Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд

Февраль 7, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ба 77 ҳазору 215 нафар шаҳрвандони хориҷӣ раводид дода шуд, ки аз густариши ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти мунтазами хизматрасониҳои консулӣ шаҳодат медиҳад. Дар ин хусус Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки вазорат дар доираи ваколатҳо фаъолиятро барои беҳтар намудани муносибатҳои консулии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин таъмини саривақтии шаҳрвандони мамлакат бо шиносномаҳои миллӣ ва хориҷӣ, судури раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар хизматрасониҳои консулӣ идома дод.

Соли 2025 инчунин 602 дархости шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки онҳо масъалаҳои гуногуни консулӣ ва ҳуқуқиро фаро мегирифтанд. 611 ҳазору 468 шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ба расмият дароварда шуд, ки ба таъмини ҳаракати озоди байналмилалии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. 523 ҳазору 92 шиносномаи шаҳрвандӣ (корти идентификатсионӣ) дода шуд, ки дар доираи сиёсати такмили низоми ҳуҷҷатгузории шаҳрвандон анҷом пазируфт. 1 ҳазору 487 ҳуҷҷати шахсони воқеию ҳуқуқӣ тасдиқ гардид, ки барои истифодаи ҳуқуқии онҳо дар хориҷи мамлакат аҳамияти амалӣ дорад. Ба 14 ҳазору 851 ҳуҷҷати шаҳрвандон апостил гузошта шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд