Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (5 фоиз ± 2 банди фоизӣ) ҷамъбаст гардида, 3,5 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2024 0,1 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин хусус Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 11 феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 4,5 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ 1,5 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 5,7 фоиз ба амал омад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ барои танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 110 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистонро ба маблағи 63,6 миллиард сомонӣ баргузор кард. Дар баробари ин, аз ташкилоти қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1,6 миллиард сомониро ташкил менамоянд.
Фирдавс Толибзода афзуд, ки меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дар ҳудуди поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан муътадил будани интизориҳои таваррумӣ дар соли ҳисоботӣ тадриҷан 1,5 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 7,5 фоизи солона муқаррар карда шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






