СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин Агентӣ хабар доданд.
Ин тадбир ҳамзамон дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалии «Хуттали Қадим-пойгоҳи зуҳури забони форсӣ-тоҷикӣ, тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» ба роҳ монда шудааст. Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Осорхона — мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара дар ҳудуди Пойгоҳи навтаъсиси бостоншиносии Тегузаки ноҳияи Данғара 200 бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд.
Ба иттилои манбаъ, корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди дигар ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ идома ёфта, то арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва қабули меҳмонон идома меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Давоми панҷ соли охир аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа барои сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд».
-То рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем. Ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳали зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакатро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад,-иброз доштанд Президенти мамлакат.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд






