Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии «Рушди низоми почтаи Тоҷикистон: низоми автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ» байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сервис и Технология» ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Лоиҳаи «Рушди низоми почтаи Тоҷикистон: автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ» ба ҷорӣ намудани низоми муосири автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ равона гардида, ба такмили соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва таъмини шаҳрвандон бо усулҳои нави муросилоти почтавӣ, хизматрасонии логистикӣ ва иҷрои фармоишҳо нигаронида шудааст. Рушди соҳаи почта тавассути татбиқи технологияҳои рақамӣ ва савдои электронӣ метавонад ба рушди устувори иқтисодии мамлакат саҳми назаррас гузорад.
Ҳаҷми сармоягузории лоиҳа 5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Маблағгузории пурраи он аз ҳисоби сармоягузории шарики хусусӣ- ҶДММ «Сервис и Технология» таъмин мегардад.
Дар доираи амалишавии лоиҳа беш аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






