ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврали соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як зумра қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша намуд:
—Солҳои охир вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ хеле зиёд гардидааст. Ин ҳуқуқвайронкуниҳо на танҳо сокинони ҷумҳуриро нороҳат месозанд, балки боиси расидани оқибатҳои вазнин низ мегарданд. Тамбашавӣ дар роҳҳои мамлакат, бинобар сабаби афзудани шумораи воситаҳои нақлиёт, зиёд гаштааст. Як омили зиёд шудани тамбашавӣ ин ҳолат бошад, сабаби дигар бар хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ба самти муқобили ҳаракат баромадани баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, нодуруст гузаштан аз чорроҳаҳо, нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар қаторе, ки нақлиёти ҷамъиятӣ дар он ҳаракат мекунад ё банд кардани қаторҳои дуюму сеюми роҳҳо мебошанд. Илова бар ин, баъзе ронандагон ба низоми кори таҷҳизоти нури берунии воситаҳои нақлиёт ва садопаҳнкунакҳои он тағйирот ворид мекунанд, ки онҳо ҳаракати дигар воситаҳои нақлиётро душвор мегардонанд.
Набастани тасмаи бехатарӣ ва напӯшидани тоскулоҳҳои мототсиклронӣ ё набастани тасмаи ин тоскулоҳҳо боиси он гардидаанд, ки дар садамаҳои нақлиётӣ ба ронандагон ва мусофирон осебҳои вазнин мерасанд. Итоат накардан ба чароғаки сурхи раҳнамо ё беэътиноӣ ба кори танзимгарон, бо суръати аз ҳад баланд идора кардани воситаҳои нақлиёт ва роҳ надодан ба воситаҳои нақлиёти барои гузаштан бартаридошта низ зиёд гаштааст, ки маъмулан боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.
Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, соли 2025 шумораи ҳуқуқвайронкуниҳо нисбат ба соли пешин афзудааст. Соли 2025 дар мамлакат дар маҷмуъ, беш аз 899000 вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024 беш аз 27000 зиёд аст. Вале, инҳо фақат ҳуқуқвайронкуниҳое мебошанд, ки расман ба қайд гирифта шудаанд.
Агар ба сохтори ҳуқуқвайронкуниҳое, ки боиси марги одамон ё дигар оқибатҳои вазнин гардидаанд, назар афканем, мебинем, ки шумораи зиёди онҳо аз ҳисоби риоя накардани суръати муқарраркардашудаи ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобили ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои сабқат ба вуҷуд меоянд.
Дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиёт дар ду соли охир зиёда аз 1000 нафар ба ҳалокат расидааст. Аз ин шумора қариб 90 дарсади онҳо дар садамаҳое, ки дар натиҷаи риоя накардани суръати муқарраргардидаи ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобили ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои сабқат рух додаанд, ба ҳалокат расидаанд.
Шумораи маҷруҳшудагон дар ду соли охир қариб ба се ҳазор нафар мерасад. 90 фоизи ин шахсон низ дар садамаҳое маҷруҳ гаштаанд, ки ба се вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки номбар шуданд, рост меоянд. Одамони зиёд ҷароҳати сабук гирифтаанд. Дар баробари ин, воситаҳои нақлиёти дар садама иштирокдошта зарари ҷиддӣ дида, корношоям гардидаанд. Дар бораи зарари маънавии ин ҳуқуқвайронкуниҳо гуфтан мумкин аст, ки онҳо боиси мотамхона гаштану бесаробон мондани садҳо оила шуда, бисёр шахсон якумр маъюбу дастнигар гардидаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, масъулият барои риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо баланд бардошта шуд. Аз ҷумла, бо Қонун ба моддаи 310 Кодекси амалкунанда, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вобаста ба риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон пешбинӣ менамояд, қисмҳои 3 ва 4 илова гардидааст.
Тибқи илова ба қисми 3, барои идора кардани воситаи нақлиёт, ки низоми кори олоти нурии берунӣ ва ранги шуълаи он ба конструксияи воситаи нақлиёт мутобиқат накарда, дар он вайрониҳо ва шароите ҷой доранд, ки зимни онҳо истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 78 то 156 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Мутобиқи қисми 4 ҳамин модда барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо садошинонаки ростҷараён ё ба садошинонак гузоштани таҷҳизоти ғайристандартии ихроҷкунӣ, ки садои берунии муҳаррикро баланд мекунад, аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 234 то 390 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Инчунин, санксияи қисми 2 моддаи 312, ки ҷавобгариро барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ муайян мекунад, дар таҳрири нав ифода ёфта, ҷавобгарӣ барои он пурзӯр карда шуда, ҷазои ҷаримаи он, ки аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро муқаррар менамуд, ба андозаи аз ҳашт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 624 то 780 сомонӣ) баланд карда мешавад.
Бо иловаи қисми 3 ба моддаи мазкур барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 78 то 156 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Тибқи Қонуни мазкур моддаи 314 ҳамин Кодекс, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вобаста ба риоя накардани бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо пешбинӣ менамояд, дар таҳрири нав ифода ёфта, мувофиқи он барои ҳуқуқвайронкунии мазкур ҷарима зиёд карда шуда, ба андозаи аз се то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 234 то 312 сомонӣ) муқаррар гардидааст.
Ҳамзамон, бо дар таҳрири нав ифода гардидани моддаи 317 Кодекси амалкунанда, минбаъд барои аз тарафи ронандагон идора кардани воситаи нақлиёт бе бастани тасмаи бехатарӣ ё интиқоли мусофирони дар курсии пеш нишаста, ки тасмаи бехатариро набастаанд, агар дар конструксияи воситаи нақлиёт тасмаи бехатарӣ пешбинӣ шуда бошад, ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 78 то 156 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Ҳамчунин, мувофиқи қисми 2 моддаи мазкур идора намудани мототсиклҳо (квадротсиклҳо, тритсиклҳо), мопедҳо (скутерҳо, скутерҳои барқӣ ва воситаҳои ҳаракати инфиродӣ) бе тоскулоҳҳои мототсиклронӣ ё бо тоскулоҳи тасмааш бастанашуда, инчунин дар мототсикл (квадротсикл, тритсикл) интиқол додани мусофирон бе тоскулоҳҳои мототсиклронӣ ё бо тоскулоҳи тасмааш бастанашуда ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 78 то 156 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ карда шудааст.
Инчунин, моддаи 318 ҳамин Кодекс дар таҳрири нав ифода ёфта, тартиби нави ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки барои итоат накардан ба чароғаки сурхи роҳнамо ё ишораи танзимгар ё роҳ надодан ба воситаҳои нақлиёти барои гузаштан бартаридошта гунаҳкор дониста мешаванд, пешбинӣ мегардад.
Мувофиқи қисми 1 моддаи мазкур, барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки сурхи роҳнамо ё ишораи танзимгар ё роҳ надодан ба воситаҳои нақлиёти барои гузаштан бартаридошта ба гунаҳкорон ба андозаи аз нуҳ то ёздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 702 то 858 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешаванд.
Мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда бошад, барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда ҷарима ба андозаи аз дувоздаҳ то чордаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 936 то 1092 сомонӣ) таъин карда мешавад.
Қисми сеюми ҳамин модда бошад, барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ панҷ маротиба ё бештар аз он содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинишуда, ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1170 то 1560 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад ё ронанда аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол маҳрум карда мешавад.
Ҳамзамон, мувофиқи талаботи қисми чоруми ҳамин модда, барои роҳ надодан ба рафтуомади бемамониати воситаҳои нақлиёти бо чароғи шуълавари рангҳои кабуду сурх ва сигнали овозии махсуси ба кор даровардашуда, инчунин, воситаи нақлиёти таҳти мушоияти он қарордошта, ба андозаи аз шаш то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 468 то 624 сомонӣ) ҷарима муқаррар карда мешавад.
Баъди дар таҳрири нав ифода гардидани моддаи 324 Кодекси амалкунанда, минбаъд барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, истифодаи асбобҳои равшаникунанда ҳангоми шаб ё равшании начандон зиёд, истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, ҳаракат тавассути пайроҳаҳо, роҳҳои пиёдагард, бозистодани воситаҳои нақлиёт дар хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, инчунин, ба вуҷуд овардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бозистӣ, ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 39 то 78 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Мувофиқи қисми 2 моддаи мазкур таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагард, дар хатҳои ҳаракат дар роҳ, ба ғайр аз хатти якуми ҳаракат дар ҳамон самт ва ҷойҳои дигаре, ки таваққуф манъ аст, ба андозаи аз ду то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 156 то 312 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи нишонаҳои роҳ, ки анбуҳҳои нақлиёти самтҳои муқобилро ҷудо менамоянд ва баромадан ба самти муқобили хатти ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ( аз 234 то 390 сомонӣ) ҷарима татбиқ карда мешавад.
Инчунин, барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи аломати “ҳаракати автомобилҳои боркаш манъ аст”, ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ( аз 234 то 390 сомонӣ) ҷарима таъин карда шуда, барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани қоидаҳои дигари ҳаракат дар роҳ, ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 39 то 78 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ карда мешавад.
Тибқи тағйиру иловаҳо моддаи 325 Кодекс, ки риоя накардани суръати муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои сабқат, манёвр ва аз чорроҳаҳо гузаштанро пешбинӣ менамояд дар таҳрири нав такмил дода шуда, ҷавобгарии маъмурӣ нисбат ба онҳо пурзӯр карда шудааст.
Мутобиқи қисми якуми моддаи 325 барои суръати муқарраршудаи ҳаракатро ба андозаи аз даҳ то сӣ километр дар як соат зиёд кардани ронандагон ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз ду то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 156 то 312 сомонӣ) пешбинӣ мегардад. Агар суръати муқарраршудаи ҳаракат ба андозаи бештар аз сӣ километр дар як соат зиёд карда шавад, дар ин маврид мутобиқи талаботи қисми дуюми моддаи 325 нисбат ба ронанда ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ( аз 234 то 390 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Мутобиқи қисми сеюми ҳамин модда, агар кирдори дар қисми дуюми модда пешбинигардида дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир шавад, нисбат ба ронанда ҷарима ба андозаи аз 12 то 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 936 то 1092 сомонӣ) таъин мегардад.
Мувофиқи қисми чоруми ҳамин модда барои риоя накардани қоидаҳои сабқат (пеш гузаштан), манёвр ва аз чорроҳа гузаштан ҷарима ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 234 то 390 сомонӣ) пешбинӣ мешавад.
Қисми панҷуми моддаи мазкур ҷавобгарии маъмуриро барои ба самти муқобили хатти ҳаракати воситаҳои нақлиёт баромадан, дар сурате, ки роҳбандон ба вуҷуд оварда бошанд ё дар ин ҳолат ҳангоми ба чорроҳа дохил шудан содир шуда бошад, пешбинӣ мекунад. Барои содир намудани ин кирдор нисбат ба шахси гунаҳкор ҷарима ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ( аз 390 то 546 сомонӣ) таъин мегардад.
Инчунин, матни моддаи 326 қисми 1 ҳисобида шуда, қисми 2 илова шудааст, ки мувофиқи он барои аз ҷониби ронандагон қасдан ба вуҷуд овардани монеа барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, беасос ба лағжиш (дрифт) даровардани воситаи нақлиёт ҳангоми нигоҳ доштани кунҷи ҳаракат ва (ё) суръати ҳаракат, намоишкорона анҷом додани ҳаракатҳои дигар ба воситаи нақлиёт ё нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат ва атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намудан, ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 780 то 1170 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Тавре ки аз маълумотҳои оварда бармеоянд, андозаи ҷаримаҳо бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудаанд. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар сол бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 78 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар баробари Қонуни мазкур, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили меъёрҳои алоҳидаи Кодекси номбурда қабул гардида, мувофиқи онҳо тартиби ба расмият даровардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мушаххас шудааст. Аз ҷумла, мутобиқи тағйироти ба қисми 3 моддаи 87 ҳамин Кодекс воридкардашуда, ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудани ҳуқуқвайронкуниҳои дар моддаҳои 310 қисми 5, 318 қисми 1, 324, 325 қисмҳои 1, 2, 4, 5 пешбинигардида протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад ва ба соҳиби воситаи нақлиёт сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрнома бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда фиристонда мешавад.
Инчунин, вобаста ба тобеияти парвандаҳои маъмурӣ ба моддаҳои 93 ва 98 Кодекс низ тағйиротҳо ворид карда шуда, минбаъд парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои дар моддаҳои 312 қисмҳои 1 ва 2, 316 қисмҳои 1 ва 2, моддаи 318 қисми 3 пешбинигардида аз ҷониби судҳо баррасӣ карда мешаванд. Ҳамзамон бо ин, ба моддаи 98 Кодекси мазкур тағйиротҳо ворид карда шуда, салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ оид ба баррасии парвандаҳои маъмурӣ мушаххас карда шуданд.
Бори дигар ёдовар мешавем, ки қонунҳои мазкур бо мақсади беҳтар намудани интизоми ҳаракат дар роҳҳо қабул карда шуда, аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намуда, ҳаёти худ, мусофирону пиёдагардон ва ронандагони дигар воситаҳои нақлиётро дар хатар нагузоранд.








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»






