ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои иҷрои нақшаи кори Комиссияи доимамалкунанда дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба танзими ҷашну маросим дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ 2934 санҷиши муштарак гузаронида шуд. Дар натиҷа 34 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, парвандаҳо барои баррасӣ ба мақомоти судӣ пешниҳод карда шудаанд. Дар ин хусус 4 феврал Раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.
Ба иттилои Раиси ноҳияи Сино, бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳия дар ҳамкорӣ бо комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба пешниҳоди шуроҳои ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳо дафтари махсуси бақайдгирии ҷашну маросим тартиб дода, гузаронидани маъракаҳоро назорат менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар моҳҳои январ — декабри соли 2025 дар ноҳия 6566 маърака гузаронида шуд. Аз ин 6388 ададро тӯйи домодию арӯсӣ, 135 ададро маросими чил ва 56 ададро маросими сол ташкил дода, хароҷоти умумии маъракаҳо ба ҳисоби миёна ба 25,5 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шудааст. Қонун ҳамчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона гардидааст.
Қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки бо тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузории маъракаҳо дар ҷомеа то ҳадди имкон ба танзим даромад. Қонун, аз ҷумла ба зиндагии иҷтимоии мардум, ки аз маросим ва анъанаҳои миллӣ, динӣ ва мардумӣ таркиб ёфтааст, тағйирот ворид намуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






