ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҳар ҳафта аз соати 07:30 то 08:30 дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Куруши Кабир», «Парчами давлатии Тоҷикистон», боғҳои фарҳангӣ- фароғатии ба номи «Абулқосим Фирдавсӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Аҳмади Дониш», инчунин дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва пагоҳирӯзӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» баргузор мешаванд. Тибқи нақшаи баргузории ин чорабинӣ, кормандони вазорату идораҳо, сарфи назар аз рӯзи корӣ ё истироҳат дар санаи муайянгардида бояд дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок кунанд.
Инчунин кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳо ба варзиш ҷалб карда мешаванд.
Мақсади баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо аз тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ, оммавигардонии варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш иборат мебошад.
Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ, омавигардонии варзиш дар кишвар тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Бунёди варзишгоҳҳои нав ва тармиму таҷдиди иншооти мавҷудаи варзишӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то 1 декабри соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11 ҳазору 280 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликият ба қайд гирифта шудааст. Дар онҳо ҷавонону наврасон, варзишгарону сокинони мамлакат аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






