Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як мамлакат ва ё як минтақа, балки ба тамоми давлатҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуби дорои хатари минтақавию байналмилалӣ терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилоти байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар баробари асри нав ба худ симои нав гирифта, моҳиятан муташаккилтару мураккабтар гардидааст.
— Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд мекунад, тарзу усулҳои нави истифодаро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюб шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа- занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терорризм», терроризм ин мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ аст, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад.
Ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо ба халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд ва дигар ин ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоранд.
Муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намудаанд. Терроризму экстремизми диниро дар замони муосир барои аҳли башар аз ҳама бештар хавфнок ва мушкилофар маънидод намудаанд.
Ба ақидаи аксар олимон, экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоӣ дошта, он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалу аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд. Ин, пеш аз ҳама, ба суиистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он ҳеҷ рабт надорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, ки «терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Аз ин рӯ, ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, зарур аст, ки ба афкори ғалати ватанфурушону хоинҳои ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон саҳм гузоранд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, ки пайомадҳои ногувори ин гуна амалҳоро пешгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Ин санадҳо ба таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳо вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави мамлакат, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ равона гардидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз 1 июни соли 2021 санадҳое мебошанд, ки дар доираи татбиқи онҳо барои мубориза бо чунин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои бетаъхир андешида мешаванд.,
Дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар фард дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин ҷавонон бояд ҳамчун неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистон бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро нигоҳ доранд ва чун неруи бузурги созандаю сипари боэътимоди давлат бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм мубориза баранд.
Илҳом ИКРОМОВ,
мудири кафедраи механикаи сохтмон ва иншооти гидротехникии
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
АКС аз манбаъҳои боз








ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст






