Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Италия дар соҳаи саноат, хусусан воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият диҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат дар мулоқоти муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвидо де Санктис дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо самтҳои авлавиятноки рушди минбаъдаро муайян намуданд. Иброз гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Италия дар самти коркарди маҳсулоти саноати нассоҷӣ, мошинсозӣ, ғизоӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дорои имконияти назаррас ва иқтидори баланд барои тавсеа мебошад.
Ҳамзамон имконияти воридоти технологияҳои истеҳсолӣ, табодули таҷриба, таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузорӣ дар самти саноат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҷонибҳо барои таҳкими муколама ва идомаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






