Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар самти рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Раиси Агентии давлатии хизматрасониҳои давлатӣ ва инноватсияҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Улвӣ Меҳдиев дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳошияи «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо» баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусоҳибон инчунин масоили марбут ба ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро барои баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти ташкили хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти омӯзиши кадрҳо, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои ин вохӯрӣ ба таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва рушди минбаъдаи равандҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад






