ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ — МУҲОФИЗИ СУЛҲ, СУБОТ ВА ЗИНДАГИИ ОСУДАИ МАРДУМ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

Февраль 23, 2026 08:20

ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврали соли равон аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол сипарӣ мегардад. Дар робита ба ин АМИТ «Ховар» иқтибосҳоро  аз суханрониҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида  ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон манзури хонандагон мегардонад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қодиранд, ки бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик — истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя намоянд.

***

Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад.

***

Фаромӯш набояд кард, ки сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ аз таълиму тарбияи самарабахшу дурусти афсарону сарбозон, риояи талаботи ойинномаҳои умумиҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ бо назардошти воқеъият ва талаботи рӯз ва инчунин ҳисси баланди ватандӯстию садоқати хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии мустақим дорад.

***

Қадамзании рустамонаи афсарону сарбозони Артиши миллӣ бори дигар собит мекунад, ки сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар омодаанд бо нангу номуси ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, садоқат, азму иродаи қавӣ манфиатҳои миллӣ ва хоки поку муқаддаси сарзамини аҷдодиро аз ҳар гуна хавфу хатар муҳофизат намоянд.

***

Мардуми Тоҷикистон дар симои ҳар хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳофизони боэътимоди истиқлолу озодии Ватан, марзу буми сарзамини аҷдодӣ, сулҳу суботи кишвар ва ҳомиёни ҳуқуқу манфиатҳои худро мебинанд.

***

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд, ба савганди худ содиқ бошанд, Ватани хешро сидқан дӯст доранд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи ба дӯши онҳо гузошташуда, яъне ҳимояи Ватан, миллат ва давлат масъулият ва рисолати муқаддас мебошад.

***

Мо имрӯз ифтихор дорем, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст.

***

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.

***

Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

***

Ҳифзи марзу буми мамлакат аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.

***

Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавон ба ҳисоб меравад.

***

Ман ба далерию шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам.

***

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд.

***

 Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далерию ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар ҷумҳурӣ барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.

***

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодию соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии мамлакат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд.

***

Маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далерию ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар мамлакат барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.

***

Дар ташкили мудофиаи давлат илова ба заминаи мусоиду муосири моддиву техникӣ ва инфрасохтори замонавӣ инчунин нақши кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва содиқ ба халқу Ватани худ бисёр муҳим мебошад.

***

Мо аз саҳми басе арзишманди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорон дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои бузургу таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи марзҳои муқаддаси давлати тоҷикон, таъмини амнияти давлат ва халқи Тоҷикистон ҳамеша сипосгузорем.

***

Боварӣ дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифаи бошарафу муқаддаси худ — ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд