«ЯК ҶАВОН – ЯК ДАРАХТ». Дар Душанбе иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар Боғи Ғалаба иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Як ҷавон – як дарахт» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо иштироки сохторҳои Кумита дар пойтахт гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, масъулини сохторҳои дахлдор дар шаҳри Душанбе, инчунин ҷавонон, донишҷӯён, хонандагон, варзишгарон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуда, дар ҳудуди ҷудошудаи Боғи Ғалаба ниҳолҳо ва дарахтони ҳамешасабз шинониданд.
Ташаббуси мазкур ба таҳкими фарҳанги экологӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории ҷавонон дар ободонии Ватан равона гардида, рамзи таваҷҷуҳ ба ҳифзи муҳити зист ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ мешавад.
Таъкид гардид, ки иқдоми «Як ҷавон – як дарахт» на танҳо маъракаи мавсимии ниҳолшинонӣ, балки ҳаракати умумиҷумҳуриявӣ дар роҳи бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмини рушди устувори кишвар мебошад. Баргузории он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомаром идома дорад.
Масъулин таъкид карданд, ки ҷалби васеи ҷавонон ба чунин иқдомҳои созанда метавонад ба сарсабз гардондани кишвар, беҳтар шудани вазъи экологии шаҳрҳо ва деҳот, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии ватандӯстонаи насли ҷавон мусоидат намояд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад






