21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряҳо мебошад. Дар асоси ташаббуси глобалии Тоҷикистон ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид.
Бахшида ба ин сана 30-31 майи соли 2025 дар Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуд, ки дар он намояндагони 80 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ конфронсро қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо номиданд. Сарвари давлат таваҷҷуҳи коршиносонро ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо, ки имрӯз ба буҳрони глобалии замони мо табдил ёфтааст, ҷалб карда, коҳишёбии онро раванди ташвишовар дар таърихи инсоният арзёбӣ намуданд.
«Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пиряхҳо ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид. Тағйирёбии иқлим аллакай боиси нобуд шудани тақрибан сеяки пиряхҳои кӯҳӣ дар саросари ҷаҳон гардидааст. Ин раванд танҳо мушкилоти экологӣ набуда, ба бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният алоқамандии зич дорад»,-таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат зарур шумурданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарёфти ҳалли ин мушкилот бояд талошу кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд. Тоҷикистон низ ҳамчун мамлакати дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ ба ин мушкилот дучор шудааст.
Роҳбари давлат барои ҳифзи пиряхҳо андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро зарур шумурда, якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳими пиряхҳо, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ бо мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағйирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба тағйирёбии глобалии иқлим, татбиқи иқдоми дастҷамъона бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, бахусус таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табииро ба миён гузоштанд.
Ба андешаи коршиносон, пиряхҳо яке аз унсурҳои таркибии экосистемаи сайёраи Замин маҳсуб шуда, аз гардиши об дар табиат то ташаккули иқлим нақш доранд ва барои бештари минтақаҳо ҳамчун захираи асосии оби тозаи нӯшокӣ маҳсуб мешаванд. Ин захираи муҳим ва дорои аҳамияти ҳаётӣ барои башарият зери таъсири рӯзафзуни ҳарорати ҳавои наздизаминӣ ба таназзулёбӣ мувоҷеҳ гардида, ҳамасола дар миқёси ҷаҳон захираи бузурги онҳо бе қобиляти барқароршавӣ комилан аз байн мераванд. Зиёд гардидани басомади ҳарорати гармии сатҳи Замин суръати таназулёбии пиряхҳоро зиёд намуда, шароити гидрологии онро тағйир дод.
Бояд гуфт, ки пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши асосиро иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳамияти муҳим доранд.
Дар Тоҷикистон аз 14 ҳазор пирях, ки манбаи ташаккули то 60 фоизи оби тоза дар минтақа мебошанд, як ҳазору сесад адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст.
Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, муайян намудани 21 март чун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди махсуси байналмилалӣ талоши воқеӣ барои мушкилоти афзояндаи экологӣ ба шумор мераванд. Ин ташаббусҳо имкон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи обшавии пиряхҳо ҷалб гардида, ҳамкории илмӣ, молиявӣ ва техникӣ дар ин самт тақвият ёбад.
Давоми беш аз ду даҳсола аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бахшҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масоили экологӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ меёбанд ва дар пешбурди ин масъалаҳо дар сатҳҳои мухталиф нақши муҳим мебозанд.
Тавре Президенти Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии моҳи майи соли 2025 иброз доштанд, «ҳифзи пиряхҳо танҳо мушкилоти давлатҳои дорои пиряхҳо нест, балки буҳрони глобалии қобили таваҷҷуҳи фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Феълан дар ҷумҳурии мо барои омӯзиши пиряхҳо сохторҳои зарурӣ фаъолият доранд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки имкониятҳои фаннию техникии мо мисли даҳҳо мамлактҳои дигари дорои пиряхҳо маҳдуданд. Бо мақсади мониторинги фарогири пиряхҳо, инчунин барномарезӣ ва татбиқи чораҳои таъхирнопазир барои ҳифзи пиряхҳо мо бояд ҳамкории муассирро бо ҳама шарикон густариш диҳем. Дар ин замина ҳамчунин навовариҳои зеҳнӣ ва кумакҳои молию техникӣ зарур мебошанд».
Роҳбари давлат бо назардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар мамлакат озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад. Аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват карда шуд, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи «Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034» саҳми муносиб гузоранд.
Мавриди гуфтан аст, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон то имрӯз 15 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидаанд.
Бояд гуфт, ки моҳи май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.
Барои омодагӣ ба ин чорабинии сатҳи баланд тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» таъсис дода шудааст.
Дар конфронс пешбурди уҳдадориҳо, тақвияти ҳамкорӣ, дастгирии Рӯзномаи ҷаҳонии об, натиҷаҳои конфронсҳои қаблӣ ва ҳадафҳои даҳсола баррасӣ карда мешаванд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад






