«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад

Март 24, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 24.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сарзамини Тоҷикистони биҳиштосо ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз қабои идона ба бар намудааст.  Дар минтақаҳои гуногуни мамлакат — Суғду Хатлон, Рашту Бадахшон ва Ҳисори Шодмон ин идро дар сатҳи баланд бо баргузории оинҳои наврӯзӣ ба таври  накӯ истиқбол мегиранд.

Аз ҷумла, Наврӯзи хуҷастапай ҷашни хайрхоҳию хайрандешӣ бо гуфтору пиндори нек буда, оростани хони наврӯзӣ бо «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин» нишонаи хайру баракат аст

Ба андешаи мардумшиносон, ҳар маводи дар дастурхон гузошташуда рамзи махсусро ифода мекунад: шаҳд, шир, шароб, шакари ноб, шамъ, шамшод ва шоя (мева).

Рамзи рӯшноӣ- шамъ рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ аст. Дар анъанаи наврӯзии хони «Ҳафт шин» марбут ба ҳар аъзои хонавода шамъ мегиронданд, яъне, дар хонадон чанд нафар аъзо бошад, ҳамон қадар шамъ гузоштан расм будааст.

Дигар рамзи наврӯзӣ шир буда, гузоштани он дар хони наврӯзӣ  сапедӣ ва покиро ифода месозад ва орзую омоли тамоми сол дорои бахти сафед буданро мефаҳмонад. Чуноне, ки муаррихи асрҳои тоҷики VIII-IХ  Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ дар асараш «Китоби хислатҳои некӯ ва одатҳо» овардааст, ширнӯшӣ ҳатто дар дарбори шоҳӣ расм буда, касе ба он беэътиборӣ намуда наметавонист.

Шаҳду шакар, ширинӣ ва шарбат дар хони наврӯзӣ мавқеи муҳим доштанд. Ин — рамзи орзуҳои нек нисбат ба соли нав буда, таманно менамуданд, ки дар ин сол орзую омоли неку ширинашон ҷомаи амал пӯшад. Мардум дар остонаи ҷашни Наврӯз ба хешу табор ва ёру дӯстон ширинӣ мефиристоданд.

Гузоштани навдае аз шамшод ва дастае аз рустании кӯҳии шоя (мева) асосан ба эҳёи табиат, сарсабзии он ва идомаю бардавомии ҳаёту зиндагӣ алоқамандӣ дорад.

Ба маротиб гиромӣ доштани шароб дар хони наврӯзии «Ҳафт шин» асосан ба он марбут аст, ки он сабаби хушнудӣ ва тарабу шодӣ аст.

Дар хони наврӯзии аксари мардуми ориётабор «Ҳафт син» низ маъмул буда, он аз санҷид, себ, сабза, суманак, сир, сирко ва сипанд иборат аст ва махсусияти худро дорад.

Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Инчунин себ рамзи дигари ҳафтсин мебошад, ки мардумшиносон онро рамзи тандурустӣ донистаанд. Гузоштани суманак дар хони наврӯзӣ нишони ғанӣ будани  зироати кишоварзӣ буда, ғизо гирифтан ва паҳлавониро низ ифода менамояд.

Ҳамзамон сирко дар хони наврӯзӣ ифодаи пуртоқатӣ ва хирадмандӣ мебошад. Гузоштани сир рамзи саломатӣ буда, донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур, он ба ҳазор дард даво будааст.

Ҳамин тавр,  анъанаҳои нек бо мурури замон аз насл ба насл интиқол ёфта, ҳар хонавода мувофиқи табъаш хони наврӯзиро оро медиҳад.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар шаҳри Хуҷанд ботантана таҷлил намуданд
Дар шаҳри Кӯлоб Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона ва руҳбахш бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ботантана таҷлил гардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд
Дар Душанбе доир ба таърихи ҷашни Наврӯз конфренсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мешаванд
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад