Дар шаҳри Кӯлоб Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона ва руҳбахш бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона ва руҳбахш бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр ба макони асосии баргузории тантанаҳои наврӯзӣ табдил ёфта, фазои идона ва руҳияи болидаи сокинону меҳмононро фароҳам овард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Меҳмонон дар даромадгоҳи Боғи миллӣ ба номи Исмоили Сомонӣ аз намоиши дастовардҳои ҳунариву меҳнатӣ, хони ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои миллӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумии ҷамоати шаҳру деҳот ва ташкилоту муассисаҳо дидан намуданд. Гӯшаҳои наврӯзӣ бо завқу салиқаи баланд ороста шуда, таҷассумгари анъанаҳои неку деринаи миллӣ буданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни аҷдодӣ ва мероси гаронбаҳои миллӣ рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстиву ҳамдилӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ба шумор меравад.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Наврӯз ба марҳалаи нави таърихии худ ворид гашт, шукуҳу шаҳомати тоза дарёфт ва чун як рукни муҳимми давлату миллат шинохтаю эътироф шуд. Гузашта аз ин, Наврӯзи тоҷикон бо қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид карда шуду мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуд ва 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид.
Барои чунин мақому мартабаи баланду бесобиқа дарёфтани Наврӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сари меҳру муҳаббати бепоён ба арзишҳои маънавии халқи азизи худ ҷидду ҷаҳд ва талошҳои зиёд ба харҷ доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






