Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар шаҳри Хуҷанд ботантана таҷлил намуданд

Март 24, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»  бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии ботантана баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашни миллӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, зиёда аз шаш ҳазор сол пеш вобаста ба оғози кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Дар ин рӯз шабу рӯз баробар гардида, табиат бедор мешавад ва гузаштагони мо онро такмили дунёи нав медонистанд.

Таъкид карда шуд, ки ин ҷашни бостонӣ имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун омили таҳкими сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни халқҳо пазируфта шудааст.

Гуфта шуд, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, ба яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳангии инсоният табдил ёфтааст. Ин раванд бозгӯи он аст, ки фарҳангу тамаддуни тоҷикон дорои арзишҳои умумибашарӣ буда, дар таҳкими робитаҳои дӯстона миёни миллатҳо нақши муассир мебозад. Наврӯз дар осори мутафаккирони бузург, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ ва Абурайҳони Берунӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос тавсиф ёфта, ойинҳо ва суннатҳои он ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ба наслҳои баъдӣ расидаанд.

Дар рафти чорабинӣ ба арзишҳои ахлоқиву иҷтимоии Наврӯз низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла таъкид шуд, ки расму ойинҳои миллӣ, ба мисли хабаргирии наздикон, эҳтироми калонсолон ва дастгирии ниёзмандон, дар таҳкими муносибатҳои инсонӣ ва густариши эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ нақши муҳим доранд.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки таҷлили Наврӯз дар соли равон бо омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, сокинони вилоятро ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Март 24, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд