Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад

Март 11, 2026 08:48

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан (CSW-70) ифтитоҳ гардид. Дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иштирок дорад.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин ҷаласа раиси кумита Бунафша Файзиддинзода доир ба пешбурди сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон, дастгирии занон дар мамлакат, таҳкими ҳуқуқу имконияти баробари занону мардон, баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инчунин беҳтар намудани дастрасии занону духтарон ба таҳсил, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва адолати судӣ маъруза пешниҳод менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки зимни ҷаласа ба баррасии масоили таъмин ва таҳкими дастрасӣ ба адолати судӣ барои ҳамаи занон ва духтарон, аз ҷумла тавассути пешбурди низомҳои фарогир ва одилонаи ҳуқуқӣ, аз байн бурдани амалияи табъизомез, инчунин бартараф намудани монеаҳои сохторӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан аз 9 то 19 март идома меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки 10 март Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо занону духтарони тоҷики муқими Ню Йорк вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои занон ва ҷалби онҳо ба рушди соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иброз шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ занону духтарони тоҷик, новобаста аз макони зист метавонанд бо ташаббус ва фаъолияти созанда дар муаррифии фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Март 11, 2026 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»