АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад

Март 27, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 27.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар мамлакат чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои таҷлили ин ид сокинон бо руҳияи идона ба гузаронидани бозиҳои гуногуни наврӯзӣ машғул мешаванд. Яке аз ин бозиҳо арғунчакбозӣ аст, ки дар минтақаҳои гуногун онро алвонҷ, бод, бодпеч, ҳой, ҳойбод, ҳаючак, ҳулчак ва ғайра ном мебаранд.

Ин навъи бозӣ  аз таноб ё арғамчине, ки ду нӯги он ба шохи дарахт ё болочӯбе баста шудааст ва нишастгоҳ иборат мебошад. Баланд ё паст бастани арғунчак ба синну соли кӯдакон вобаста аст. Барои мувофиқтар шудани нишастгоҳи арғунчак онро бо матои пахтагин мепечонанд. Бачаҳо ба арғунчак савор шуда, ба пешу ақиб дар ҳаво алвонҷ мехӯранд. Шакли дар саноат истеҳсолшудаи арғунчак мураккабтар аст. Ҳангоми сохтани арғунчак аз чӯб ва металл истифода мекунанд.

Дар айёми Наврӯз духтарони 10-20 – сола дар боғҳо, ҳавлиҳо ва дарахтони калони кӯчаҳо арғамчин баста, арғунчакбозӣ мекунанд.

Дар Бадахшон арғунчакро «вулчак» меноманд, ки яке аз бозиҳои махсуси айёми Наврӯз дар байни занону духтарон ба ҳисоб меравад.

Эҳёи намудҳои миллии варзишӣ дар остонаи таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ иқдоми неки созандагӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги аҷдодӣ мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 27, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид