«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон шудааст. Ҷои ифтихор аст, ки таъсиси ин сана аз ҷониби давлати мо пешниҳод гардида, аз тарафи давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфт. Чаро Тоҷикистон ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ намуд ва ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли дастаъҷамонаи ин мушкилот даъват кард?
— Бояд тазаккур дод, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд бо иштироки коршиносон, муҳаққиқон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд. Аз ҷумла, 12 марти соли равон Конфронси миллии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ» доир гардид.
Ҳадафи конфронси миллӣ таъмини ҳамоҳангсозии кӯшишҳои илмӣ, институтсионалӣ ва байналмилалӣ барои омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи системавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим, инчунин муайян намудани афзалияти ҳамоҳангшудаи татбиқи ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи криосфера мебошад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо назардошти аҳамияти хоси пиряхҳо барои рушди устувор бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Қатънома соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 мартро «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуд. Барои тақвияти пайвастаи талошҳо дар ин самт давраи солҳои 2025-2034 низ «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» эълон шуд.
«Ин санадҳо нақши калидии пиряхҳоро ҳамчун унсури муҳими низоми иқлими ҷаҳонӣ эътироф намуда, зарурати муттаҳид кардани талошҳои илмӣ, институтсионалӣ ва амалиро, ки ба омӯзиши ҳамаҷониба, мониторинги системавӣ ва ҳифзи онҳо нигаронида шудаанд, таъкид мекунанд»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.
Конфронси мазкур барои муаррифӣ ва тасдиқи маълумоти ҷорӣ дар бораи вазъи захираҳои обӣ, муттаҳид кардани мавқеи муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва таҳияи афзалият бо тавсияҳои амалии мувофиқашуда барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мониторинги криосфера ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим равона шудааст.
Конфронси миллӣ корашро дар ҷаласаҳои пленарии сатҳи баланд, сессияҳои техникӣ ва сиёсӣ-амалӣ, инчунин муҳокимаҳои панелӣ идома дода, дар онҳо самтҳои асосӣ, аз ҷумла уҳдадориҳои глобалӣ ба амалҳои миллӣ, ҳамкории байналмилалӣ, шарикӣ ва маблағгузорӣ, маълумоти илмӣ, мониторинг ва хизматрасониҳои иқлимӣ, ҳамгироии илм ба сиёсати об ва иқлим матраҳ гардиданд.
Иштирокдорони конфронси миллӣ доир ба мавзуъҳои «Натиҷаҳои асосии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, Душанбе, 2025», «Ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон: маълумоти илмӣ ва хатарҳои асосӣ», Аҳамияти таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг дар низоми «Пиряхҳо – захираҳои об – қабули қарорҳо», «Аҳамияти таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг дар низоми «Пиряхҳо – захираҳои об – қабули қарорҳо», «Мониторинги дарозмуддати пиряхҳо ва пешгӯиҳои гидрологӣ», «Мониторинг ва арзёбии кӯлҳои пиряхӣ ва хатарҳои вобаста ба онҳо дар Тоҷикистон», «Натиҷаҳои моделҳои муосири иқлим барои пешгӯии тағйирот дар Осиёи Марказӣ» маъруза намуданд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор буда, зиёда аз 6 фоизи қаламрави онро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Қариб 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, ки манбаи асосии ин обҳо пиряхҳо мебошанд. Мутаассифона, дар даҳсолаҳои охир беш аз 1000 пирях дар кишвар комилан об шудааст, ки ин далели осебпазирии муҳити табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.
Тибқи иттилои коршиносон, сабаби асосии обшавии пиряхҳо баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво мебошад. Ин раванд бо афзоиши партови газҳои гулхонаӣ, буридани ҷангалҳо, ифлосшавии ҳаво ва истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ алоқаманд аст. Фаъолияти антропогении беандешона суръати тағйироти иқлимро афзоиш дода, устувории криосфераро коҳиш медиҳад. Дар натиҷаи ин равандҳо ҳаҷми пиряхҳо кам шуда, қобилияти танзими захираҳои обро суст мекунад. Ин вазъ ба ба тамоми соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин тавр, обшавии пиряхҳо ба масъалаи амнияти миллӣ ва минтақавӣ табдил меёбад.
Тағйирёбии иқлим хусусияти фаромиллӣ дошта, ҳифзи пиряхҳо танҳо дар доираи як давлат имконнопазир аст. Ҳамкории байналмилалӣ, таҳияи меъёрҳои умумиқабулшудаи ҳуқуқӣ ва татбиқи механизмҳои мониторинг шарти асосии ҳалли ин мушкилоти глобалӣ мебошад. Созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими ҳамкории илмӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд. Дар ин раванд, масъулияти умумибашарӣ тақозо менамояд, ки ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ, дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






