Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ идома дорад. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллии варзишӣ намоиш дода мешаванд. Яке аз намудҳои варзиш, ки дар аҳди бостон ҷашни Наврӯз бо он оғоз мегардид, камонварӣ мебошад.
Камонварӣ дар давраҳои хеле қадим ба вуҷуд омада, тасвиру ишораҳои он дар китобҳои бостонӣ бисёр ба назар мерасанд.
Таърихи ин намуди варзиш ҷузъи ҷудонопазири таърихи халқи тоҷик буда, таҷрибаи ташаккул ва дастовардҳои варзиши камонварӣ моро ба рушди ин намуд водор мекунад.
Камонварӣ яке аз навъҳои таърихӣ, машҳур ва ояндадори варзиш маҳсуб шуда, дар гузашта дар мамлакат камонварони моҳир тарбия ёфтаанд.
Дар ин мусобиқа асбоби асосӣ камон мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрӯшакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филизоти ранга оро медоданд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месохтанд.
Дар байни тоҷикон ду намуди камонварӣ маъмул буд: камонварии пиёда ва камонварии савора. Шахсоне, ки ба камонварии пиёда машғул буданд, аз камони бузургтар истифода бурда, ҳангоми тирандозӣ зонуи худро ба замин такя дода, тирро ба нишон мерасониданд. Тири камонварони пиёда дарозтар буд.
Камонварони моҳир аз масофаи 200 қадам ба ҳадафе, ки баробари чашми гов буд, бехато тирро мерасониданд. Камони саворагон хурдтар ва сабуктар буд. Онҳо камондони махсус доштанд, ки онро дар зини асп овехта, дар он тиру камонро нигоҳ медоштанд.
Тирандозӣ ва нишонзанӣ хусусан барои мардуми кӯҳистон хеле зарур буд, зеро ҷавонони деҳот касби шикорро ҳамчун касби аҷдодӣ аз хурдсолӣ меомӯхтанд ва ба он дилбастагии бисёр доштанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд






