Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад»
ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 март дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият буда, рамзи бедоршавии табиат, саршавии соли нав ва зиндагии нав, покиву болидагии рӯҳу андеша ва таҳкиму густариши арзишҳои инсондӯстонаву ахлоқӣ ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат дар идома изҳор намуданд, ки ин ҷашн аз ҷумлаи ойинҳои бисёр деринае мебошад, ки дар он фалсафаи зиндагӣ, мактаби худшиносӣ ва таърихи фарҳангу тамаддуни ниёгони ориёии мо инъикос ёфтааст.
«Наврӯз дар саргаҳи ойинҳои миллии мо – Сада, Тиргон ва Меҳргон ҷой дошта, дар тӯли таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз шебу фарозҳои зиёд убур кардааст, — тазаккур доданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. — Замоне доираи таҷлили ин ҷашни зебои бостонӣ маҳдуд гардид ва замоне гӯё фаромӯш шуд, вале ҳаргиз аз қалбу хотири мардум нарафт, чунки реша дар генофонди миллӣ ва ҳастии мардуми фарҳангиву соҳибтамаддуни мо дорад».
Пешвои миллат иброз намуданд, ки гузаштагони некноми мо ин мероси муқаддасро чун сарвати бебаҳои миллии худ ҳифз намуда, аз насл ба насл мерос гузоштаанд ва имрӯз он ба яке аз пояҳои бунёдӣ ва рукни ҷудоинопазири ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ҷаҳонбинии тоҷикон табдил ёфтааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






