БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид

Март 1, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 01.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 март рӯзи аввали фасли баҳор аст. Баҳор оғози кишту кор, фасли эҳё, мавсими рангорангиҳои зебои табиат, замонест, ки марди деҳқон ба такопӯ афтида, барои пур кардани хони мардум заҳмат мекашад.

Тибқи иттилои мутахассисон, дар якчанд давлати Осиё ва Африқо беш аз нисфи аҳолӣ ба зироаткорӣ машғуланд. Ҳоло дар саросари дунё бар асари тағйирёбии иқлим соҳаи кишоварзӣ дучори мушкилӣ гардидааст. Аз ин рӯ тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, таъсири он ба бахшҳои гуногуни иқтисоди мамлакат, хусусан ба соҳаи кишоварзӣ хеле калон мебошад. Тағйирёбии иқлим дар навбати худ сабаби мушкилии баландшавии ҳарорат, норасоии об, офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои ғайричашмдошти мавсимӣ мегардад, ки ин ба истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин мушкилиҳо олимон ва мутахассисони соҳаро водор месозанд, ки барои рушди устувори кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Коршиносони Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ ба хулосае омаданд, ки маҳз бо сабаби тағйирёбии иқлим пас аз соли 2030 дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳосилнокӣ паст мешавад. Баландшавии ҳарорати ҳаво, сатҳи оби дарёҳо ва хушкиву офатҳои табиӣ аз таҳдидҳои асосӣ ба шумор мераванд ва табиист, ки дар ин ҳолат таъмини амнияти озуқаворӣ зери суол қарор мегирад.

Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи кишоварзӣ “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030” қабул намуд. Инчунин бо назардошти тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳосилнокии зироати ғалладонаи тирамоҳӣ нисбат ба баҳорӣ дар кишти тирамоҳии соли 2025 барои ҳосили соли 2026 нисбат ба соли 2024  кишти он 22 183 зиёд ба нақша гирифта шуд.

Аз майдони умумии ғалладонагиҳо кишти гандум дар 187 747 гектар, ҷав дар 51 553 гектар, ҷуворимакка барои дон дар 11 410 гектар, шолӣ дар 11 531 гектар ва кишти дигар ғалладонагиҳо дар 11 973 гектар дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин бо мақсади истифода бурдани заминҳои корам ва гирифтани ду-се ҳосил аз як замин пас аз ҷамъоварии кишти асосӣ гузаронидани кишти такрории зироати кишоварзӣ дар 106 ҳазор гектар дар назар дошта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки кишоварзони мамлакат ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, риояи агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварии беталафи ҳосил, гузаронидани кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари замин диққати махсус зоҳир менамоянд.

Фасли баҳор айёми ниҳолшинонӣ аст. Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, беҳтарин замон  барои шинонидани ниҳол ҳавои салқин аст, зеро дар ин вақт ҳанӯз дарахтон хобидаанд. Рӯзҳои аввали баҳор низ барои шинонидани ниҳолҳои гуногуни ороишиву ҳамешасабз ва гулу бутаҳо хеле созгор мебошанд.

Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ,  ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. Тавре бузургон мегӯянд, «ҳар шахсе, ки ниҳолеро шинонад ё зироате кишт кунад ва аз он  дигарон нафъ бардоранд, он барояш садақа аст».

Ба андешаи ин коршинос, шохабурӣ муҳлати худро дошта, вобаста ба навъу хусусияти биологӣ дарахтон башаклдарории муайян доранд. Башаклдарории шохсори дарахтон яке аз тадбирҳои муҳими боғдорист.  Вобаста ба шароити маҳал, намуд, навъ, синну сол, инчунин мақсади гузошта дарахтонро охири тирамоҳ, зимистон, баҳор ва тобистон мебуранд. Ба тавсияи олимон, буридани шоху навдаи шохсор бояд   то пурра ба ҳосил даромадани ниҳолҳо ба анҷом расонида шавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш