Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад

Март 22, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли 2026 дар доираи чорабиниҳои варзишии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии гӯштингирӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад.

Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, минтақаи Рашт ва дастаи Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон барои ба даст овардани медалҳои фахрӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Мусобиқа аз рӯйи қоидаҳои варзиши суннатӣ доир мегардад. Ғолибони ҳар давр соҳиби туҳфаҳои арзанда мегарданд. Паҳлавони ғолиби майдон бо Шоҳҷоизаи олӣ- мошини арзишманд сарфароз гардонида мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар байни варзишгарони ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомат ва дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки тамоми намудҳои гӯштини дунё аз гӯштини миллии тоҷикӣ сарчашма мегиранд. Гӯштини миллии тоҷикӣ дар ҳар минтақаи мамлакат вижагиҳои хос дорад. Дар баъзе ҷамоату деҳоти Тоҷикистон мусобиқаҳои даставӣ ташкил карда мешаванд. Ин мусобиқот байни намояндагони ноҳияҳои ҳамсоя баргузор мешаванд. Дастае, ки варзишгаронаш бештар ғолиб мешаванд, соҳиби ҷойи якум мегардад. Барои паҳлавонон ин на танҳо мусобиқа, балки эҳтиром ба сарзамин, гузаштагон ва мураббиёнашон аст.

Имрӯз ҷашнҳои мардуми тоҷикро бе мусобиқа оид ба намудҳои гӯштини миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Анъанаи мусобиқаи гӯштингирӣ тақрибан 3000 сол пеш пайдо шудааст.

Аз рӯи анъана, пиронсолон бо рақобати худ гӯштингириро оғоз карда, ба ин восита ба паҳлавонони ҷавон фотиҳа медоданд. Баъдан кӯдакон вориди майдон мешаванд, ҳатто бачаҳои 4-5-сола низ метавонанд дар ин гуна мусобиқот иштирок кунанд. Бозиҳои миллии варзишӣ муаррифи тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, ба воситаи баргузории онҳо дар дили наврасону ҷавонон ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бедор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.

Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор шуд. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) аз нав эҳё шуда, мунтазам рушд меёбанд.

Пешвои миллат соли 2015 зимни таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони мамлакат ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Ҳамзамон дар ин раванд бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид