Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд

Март 2, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 02.03.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳафтаи дарҳои кушод ҷамъбаст гардида, ғолибони интернет-олимпиада қадрдонӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, аз 1 то 23 феврал даври якуми интернет-олимпиада баргузор гардида, хоҳишмандон тавассути сомонаи донишгоҳ аз рӯи намунаҳои саволномаҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дониши худро санҷиданд. Дар Ҳафтаи дарҳои кушод ва интернет-олимпиада беш аз 15 ҳазор хатмкунандагон ба таври маҷозӣ ва ҳузурӣ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзҳои Ҳафтаи дарҳои кушод, ки аз 23 то 28 феврал доир гардид, хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба донишгоҳ омада, бо шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо, Маркази таҳсилоти рақамӣ ва дигар биноҳои таълимӣ аз наздик шинос шуданд.

Иброз гардид,  ки мақсади ба роҳ мондани ин  иқдом дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо мебошад.

Баргузории чунин иқдом барои таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба таҳсилоти касбӣ аҳамияти муҳим дорад. Инчунин ба баланд бардоштани сатҳи омодагии довталабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, рушди ҷаҳонбинии онҳо ва таҳкими ҳавасмандӣ ба илмомӯзӣ мусоидат менамояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ барои интихоби дурусти касб, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва дар маҷмуъ ба рушди неруи зеҳнии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Март 2, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд