Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси васеи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Тоҷикистон ҳайати намояндагони ниҳодҳои сайёҳии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Озарбойҷон, роҳбарони ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, ҳамчунин блогерони маъруфи байналмилалӣ ва намояндагони расонаҳои бонуфузи хориҷӣ меоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи ин сафар муаррифии мероси фарҳангӣ, суннатҳои миллӣ ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки яке аз блогерони маъруфи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ Юдж мебошад. Ин блогер тақрибан 15 миллион обуначӣ дошта, наворҳои гузоштаашро дар сомонаҳои иҷтимоӣ то 100 миллион нафар тамошо мекунанд.
Блогери дигари маъруфи ҷаҳонӣ Том, ки беш аз 3,2 миллион нафар обуначӣ дорад, Наврӯзи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Ҳамчунин гурӯҳи наворбардорони барномаи телевизионии «Непутевые заметки»-и шабакаи «Первый канал»-и Федератсияи Русия, ки ба саёҳат ва фарҳанг бахшида шудааст, ба Тоҷикистон меояд. Онҳо нақша доранд, ки дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷашни Наврӯз барнома омода намоянд.
Ин барнома суннатҳои мардумӣ, ҷойҳои таърихӣ ва имконияти сайёҳии давлатҳои гуногунро нишон медиҳад.
Ҳамзамон шабакаи телевизионии байналмилалӣ «CGTN»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша дорад, ки дар ин рӯзҳо дар бораи имконоти сайёҳӣ ва суннатҳои фарҳангии Тоҷикистон гузоришҳо таҳия намояд.
Дар назар аст, ки телевизиони миллии Озарбойҷон «AzTV», ки рӯйдодҳои байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳиро инъикос мекунад, аз ҷараёни баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ барномаҳо омода ва пахш кунад.
Интизор меравад, ки таҳияи гузоришу барномаҳо ва наворҳои кӯтоҳи тарғиботию ташвиқотии намояндагони расонаҳо ва блогерони хориҷиро миллионҳо нафар тамошо намоянд. Дар ин замина метавон гуфт, ки таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ бештар мешавад.
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






