Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад

Март 12, 2026 14:34

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 20 март дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ин намоишҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин  пешгирии болоравии нархи маводи озуқа гузаронида мешаванд.

Намоишҳо дар минтақаҳои муайяни ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бозорҳои «Саховат», «Меҳргон», таваққуфгоҳи назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино ва дар назди боғи «Куруши Кабир» бо нархҳои дастрас ташкил карда мешаванд.

Дар намоишҳо асосан маҳсулоти  ғизоӣ,  аз ҷумла гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, карам, мева, тухм, биринҷ, равған, маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулот бо нархҳои дастрас пешниҳод мегарданд.

Ин  намоишҳо аз ҷониби Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ташкил карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 12, 2026 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад